ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи январи соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиёба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар Арманистон – 21,9%, Қирғизистон – 0,1%, Қазоқистон 12,7%, Беларус – 10,3% ва Русия – 7,4% мушоҳида шудааст.
Дар гузориши ин ниҳод ҳамчунин дар бораи истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон ва ғайра маълумотҳо оварда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар нишасти ахири худ гуфт, ки дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8643 сомонӣ) мебошад.
Се сол пеш ин ниҳод арзиши як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд.