ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои ҳавобурди Русия бо лақаби "Гранит" ба хабаргузории РИА Новости гуфт, артиш боқимондаҳои нерӯҳои Украинаро аз қаламрави Русия дар вилояти Курск аз чанд самт берун доранд.
"Вазифаи аввалии ин, ба хатти марз баромадн ва пурра ҳудуди Русияро аз нерӯҳои душман пок кардан аст. Душман бояд аз хоки Курск берун карда шавад ва мо мавқеъҳо нав барои амалиётҳои баъдӣ омода бошем”, - гуфт ӯ.
Ба гуфти сарбозони артиши Русия дар як вақт ба чанд самт пешравӣ дорем, то хатти ҷабҳаро тағйир диҳем.
Субҳи барвақти 6 августи соли 2024 нерӯҳои украинӣ бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла оғоз карданд; пешравии онхо боздошта шуд. Сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов изҳор дошт, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва расидан ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Рӯзи 19 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хабар дод, ки сарбозони бригадаи 810, ки дар вилояти Курск меҷанганд, марзи Русияро убур карда, ба қаламрави душман ворид шуданд; Кушунхои рус дар тамоми хатти фронт пеш рафта истодаанд. Барои таъмини амният дар Курск ва ҳамчунин вилоятҳои Белгород ва Брянск низ режими амалиёти зиддитеррористӣ амал мекунад.
Бино ба хабарҳои вазорати дифои Русия, танҳо аз 8 то 14 март нерӯҳои мусаллаҳи Русия 30 деҳаро дар вилояти Курск, аз ҷумла маркази вилояти Судҷаро озод карданд.
Путин рӯзи 12 март ба яке аз қароргоҳҳои фармондеҳии гурӯҳи Курск ташриф оварда, мулоқот анҷом дод. Рӯзи 19 март раҳбари Русия эълом кард, ки артиши Русия шикасти душманро дар вилояти Курск анҷом медиҳад.