Роҳбандии чоррӯза дар Суғд: Хуҷанд дар интизори нишасти сарони кишварҳои ҳамсоя

Панорама города Худжанд, архивное фото
Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз роҳбандии чоррӯза дар вилоят хабар дода, аз ронандаҳо хоҳиш кардаанд, ки бе зарурият ба роҳ набароянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сафари кории меҳмонони баландпоя ба вилоят хабар дод.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва мушоияти қатораи воситаҳои нақлиёт бо меҳмонони баландпоя ва ҳайати ҳамроҳикунанда ба зиммаи мақомоти БДА вогузор шудааст.
Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додааст, ки санаҳои 29,30, 31 март ва 1 апрел ҳаракат дар бархе кӯчаҳои шаҳракҳову ноҳияҳо ва роҳҳои вилоятӣ маҳдуд карда мешавад.
Барои мисол 29 марти соли равон ҳаракат дар кӯчаҳои маркази шаҳри Бӯстон то даромади ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳраки “Ғафуров”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”,кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Гулистон-Дадобой Холматов” маҳдуд мешавад.
- 30 марти соли 2025, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Раҳмон Набиев”, “25-солаги Истиқлолият”, то минтақаи озоди иқтисодии маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд.
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев. Архивное фото
Раҳмон ва Мирзиёев мулоқоти сеҷониба, ки бояд дар Хуҷанд гузарад, баррасӣ карданд
Ҳамзамон роҳҳои даромад ба минтақаҳои аввали вилояти Суғд яъне шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯчаҳои марказии ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дидбонгоҳи “Сесанга”-и шаҳри Бӯстон, роҳи автомомобилгарди “Конибодом-Деҳмой” аз самтҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар ҳудуди ҷамоати Хизтеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” аз самти ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Истиқлол, шаҳраки “Сайҳун” ва ҷамоати деҳоти “Чашмасор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, роҳи “Дадабой Холматов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз самти ноҳияи Ашт ва шаҳри Гулистон то санаи 31 марти соли 2025 ба пурраги маҳдуд карда мешавад.
- Санаи 31 марти соли 2025, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои маркази шаҳрҳои Бӯстон, кӯчаҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Солеҳ Раҷабов”, “Раҳмон Набиев”, “Раҳим Ҷалил”, “Рифат Ҳоҷиев” ва “25 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳамшафати роҳҳои зикргардида таваққуф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъиян манъ карда мешавад.
Қайд карда мешавад, ки санаи 1 апрели соли равон, кӯчаҳои маркази шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, кӯчаҳои маркази шаҳрҳои Бустон, ва деҳаи “Шоҳқадамбулоқ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои дар боло зикр шуда ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бе зарурият ба роҳ набароянд.