Дар ИИАО барои паст кардани нархи доруворӣ талош доранд

Мақсади поинбурдани нархи доруҳо пеш аз ҳама бояд таъмини дастрасии сокинони Иттиҳодия иқтисодии АвруОсиё ба дорувориҳо бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар бахши тавлиди доруворӣ таҳқиқоти густурда анҷом медиҳад.
Дар ин бора вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Максим Ермолович хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз пажуҳиш коҳиши монеаҳо, поин рафтани нархҳо ва дар натиҷа, таъмини дастрасӣ ба доруҳо барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё мебошад.
Ермолович бо Раиси Раёсати Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони дорусозии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Алексей Кедрин мулоқоти корӣ анҷом дод.
Афзоиши Боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди ИИАО бо суръат идома дорад
Онҳо зимни мулоқот дар бораи иштироки ИИАО дар тадқиқотҳое, ки гузаронда мешаванд, муҳокима карданд.
Қаблан Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳрири нави талабот ба дастурҳои дорувориро тасдиқ кард.
Ҳамин тариқ, тағйироти асосӣ ба шакли дастур барои истифодаи тиббӣ таъсир расонида шуд (варақаи баста). Як қатор бахшҳои истифоданашуда хориҷ карда шуданд, то ба истеъмолкунандагон пешниҳоди иттилоотро осон кунанд.