Дар вилояти Суғд низ ин шабу рӯзҳо чун дигар манотиқи кишвар тантанаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад.
Дар ҳар маҳаллаву муассиса ва макотиби тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо барномаҳои хоси фарҳангии таҳҷоӣ баргузор мешавад.
Аз ҷумла сокинону меҳмонони Хуҷанд бо аҳли оилаашон дар боғҳо истироҳат мекунанд, ки ба шарафи ид оро дода шудаанд.
Рамзи асосӣ суманак, ҷойҳои аксгирӣ ва либосҳои анъанавӣ мебошанд, ки дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Суғд дидан мумкин аст.
Аммо авҷи ниҳоии таҷлил ҳоло дар вилоят фаро нарасидааст. Барномаи асосии наврӯзӣ бо ҳузури раҳбарони Узбекистон ва Қирғизистон қарор аст, ки 30 март доир гардад.
Ба ин хотир, барои омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Узбекистону Қирғизистон бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.