Лукашенко Раҳмонро бо Наврӯз табрик гуфт

Президент РФ В. Путин принял участие в очередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ
Сарвари Беларус ба раҳбари Тоҷикистон ба муносибати таҷлили муҳимтарин рӯйдоди фарҳангии ҷумҳурӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, ба муносибати Наврӯз ба сарони кишварҳои хориҷӣ номаи шодбошӣ ирсол кардааст.
Дар миёни онҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Беларус хабар додааст.
Маълумки, ки сарони Узбекистан, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Туркия низ дар ин бора номаҳо гирифтанд.
"Бовар дорам, ки равобити дӯстонае, ки миёни Минск ва Душанбе густариш ёфтааст, ба тавсеаи минбаъдаи равобити дуҷониба мусоидат хоҳад кард", — гуфта мешавад дар барқияи Лукашенко ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, Наврӯз рамзи эҳёи табиат ва марҳалаи нави зиндагӣ ва эътиқод ба ояндаи беҳтар аст.
Президент РФ Владимир Путин. Архивное фото
Путин Раҳмонро бо Наврӯз табрик кард
Президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко қаблан мулоқоти ғайрирасмӣ доир карданд, ки дар он президенти Русия Владимир Путин низ ширкат дошт.
Тавре аз Кремл хабар доданд, дар ҷараёни ин чорабинӣ раҳбарон бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев тамос гирифта, ба аҳамияти таҷлил аз 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид карданд.