Буҳрони шадиди об дар Эрон: маълум шуд, кадом минтақаҳо зери хатарнд

Вид на телебашню Бордж-е Милад в Тегеране
Ба сабаби хушксолии дуру дароз дар як қатор манотиқи ҷумҳурӣ вазъияти бо об таъмин намудани аҳолӣ торафт дар ҳолати вазнин шудан аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Мақомоти Эрон якбора дар чаҳор музофот – Хуросони Ризавӣ, Язд, Исфаҳон ва Теҳрон бо бӯҳрони ҷиддии об рӯбарӯ шудаанд.
Дар ин бора Вазири энергетика Аббос Алиободӣ изҳор дошт, хабар медиҳад оҷонсии Tasnim.
"Хушксолии пайиҳами чандсола боиси кам шудани захираи об дар мамлакат гардид", — қайд кардааст ӯ.
Ба гуфтаи вазир, вилоятҳои дар боло зикршуда бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Дар ҷумҳурӣ манотиқе ҳам ҳастанд, ки дар арафаи беобӣ мебошанд. Инҳо Форс, Ҳузистон, Ҳамадон, Кирмон, Сиистон ва Балуҷистон, Ҳурмузгон (ҷануб) мебошанд, хабар медиҳад хабаргузории ISNA.
Дар ин минтақаҳо обанборҳо ва дарёҳо хушк шуда истодаанд.
Ҳамин тариқ, анборе, ки пойтахти Эрон ва атрофи онро бо об таъмин мекунад, тибқи маълумоти охирин, ҳамагӣ 8% пур аст.
Нурекское водохранилище
Эрон мехоҳад аз Тоҷикистон об интиқол кунад
Дар муқоиса бо моҳи марти соли 2024 сатҳи об 56% коҳиш ёфтааст.
Бо мушкилоти норасоии об ҳамчунин дар Тоҷикистон низ мубориза баранд. Бо ин ҳадаф, чанде пеш дар Хоруғ маркази ҳалли ин масъалаҳо кушода шуд.
Муассисаи мазкур дар заминаи ибтикори сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ба фаъолият оғоз кардааст.