ДУШАНБЕ, 22 март – Sputnik. Фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико иддао дорад, ки Киев барои баргузории интихобот дар Украина розӣ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Стивен Уиткофф дар мусоҳиба бо хабарнигори амрикоӣ Такер Карлсон чунин изҳор дошт:
"Онҳо ба ин розӣ шуданд. Дар Украина интихобот баргузор мешавад".
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Зеленский шонси пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳури Украинаро надорад. Вай қайд кард, ки рейтинги Зеленский имрӯз аз рақиби сиёсии наздиктаринаш Валерий Залужний, фармондеҳи собиқи қувваҳои мусаллаҳи Украина ду маротиба камтар аст.
Ҳамчунин, Трамп, президенти Амрико низ гуфта буд, ки агар Украина мехоҳад сари мизи музокирот шинад бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад.
"Онҳо (мақомоти Украина. - идора.) мехоҳанд дар сари мизи музокирот нишастанд, аммо шумо метавонед бигӯед... оё мардуми Украина овоз надоранд? Онҳо муддати тӯлонӣ интихоботи президенти нагузаштаанд", - гуфт Трамп.
Вай таъкид кард, ки ташаббуси баргузории интихоботи президентӣ дар Украина аз Русия нест, балки “аз ман аст”.
Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки интихоботи президентӣ дар Украина то охири сол баргузор шавад.