ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Душанбе шоми 21 март бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз консерти бошукӯҳ баргузор гардид.
Барномаи косертӣ дар майдони Истиқлол" бо ҳузури сокинону меҳмонони зиёд ва ҳунармандони машҳур доир гардид.
Аз аксҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълум аст, ки майдон пур аз мардум буд ва занону духтарон либосҳои миллӣ ба бар доштанд ва аксари мардҳо низ ҷомаи гулдӯзӣ ва тоқӣ дар сар доштанд.
Ҳунармандони театр саҳнаҳои ҷолиб пешкаши тамошобинон гардонданд.
Зимнан, консерти идона бо мушакпарониҳои чанд дақиқаина анҷом ёфт, ки дидани он хотири тамошобинон хурсанду болида гашт.
Бояд гуфт, тибқи қарори мири шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ чанд рӯзи дигар тамоми қаламрави пойтахт идома мекунанд. Дар назди бозорҳо ярмаркаҳо ташкил шудааст ва дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бошад барои болидахотирии меҳмонону сокинон барномаҳои консертӣ доир мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.