ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кард, ки солҳои охир бар асари мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардидааст.
Вай афзуд, ки ин ҳолат амнияти озуқавории кишварҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор дода истодааст.
"Чунин шароит моро водор месозад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса дода, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худӣ беш аз пеш кӯшиш намоем ва тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба ин самт равона созем", - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки кишоварзони Тоҷикистон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода кунан ва гирифтани се – чор ҳосилро таъмин намоянд.
Раҳбари кишвар аз сокинон талафб кард, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро афзоиш диҳанд.
“Ҳар як оилае, ки соҳиби замини президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошад, бояд ҳар ваҷаби онро барои таъмини оилаи худ бо озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ самаранок истифода намояд”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,6 фоиз зиёд мебошад.