ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазъият дар майдони ҷанг барои артиши Украина душвор аст, сарбозони украинӣ аз вилояти Курск "тақрибан комилан ронда шуданд", икрор шуд вакили Радаи Украина Олексий Гончаренко*, иттилоъ додааст РИА "Новости".
"Мо бешубҳа дар майдони ҷанг вазъияти душворе дорем. Бале, Русия моро аз вилояти Курск, ки як қисми он аз моҳи августи соли гузашта дар зери назорати мо буд, тақрибан комилан берун кард",- гуфт Гончаренко* дар мусохиба бо телевизиони CNN.
Дар охири ҳафтаи гузашта артиши Русия дар вилояти Курск ба ҳуҷуми васеъ шуруъ намуда, дар давоми чанд рӯз зиёда аз 1100 километр ҳудуд, аз чумла деҳаҳои Старая Сорочина, Малая Локня, Черкасское Поречное, Мартиновка ва Михайловкаро озод карданд.
Ахиран вазорати дифоъ дар бораи озод кардани маркази вилоят Суҷа хабар дод.
Як манбаъ ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, ки фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина маҷрӯҳони худро дар самти Курск ба Николаев мефиристад ва дар онҷо онҳо танҳо як қисми табобати заруриро мегиранд ва дарҳол барои пур кардани талафоти украинӣ ба ҷабҳа фиристода мешаванд.
Сарбози таъиноти махсуси "Ахмат" гуфтааст, ки ҷангҷӯёни воҳидҳои нозии украинӣ ва зархаридони хориҷӣ аввалин шуда ҳангоми пешрафти нерӯҳои Русия дар минтақаи Курск аз Казачя Локня фирор карданд.
* ба рӯйхати террористон ва экстремистҳои Русия дохил карда шудааст.