ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия дар бахши энержӣ ба Тоҷикистон фаъолона кумак намуда, эҳтиёҷоти ин кишварро ба маводи сӯхт қариб пурра таъмин менамояд.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин баъд аз музокирот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Кишвардори Русия ҳамчунин қайд кард, ки Русия ба рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон низ мусоидат мекунад.
"Русия ба ҷумҳурӣ ҳаҷми бузурги нафту маҳсулоти нафтӣ ворид мекунад, ки қариб пурра талаботи иқтисоди Тоҷикистонро ба маводи сӯхт таъмин мекунад", - қайд кард роҳбари Русия.
Вай илова кард, ки интиқоли маводи сӯхт бидуни ситонидани боҷи гумрукии содиротӣ сурат мегирад.
Ба гуфтаи Путин, ширкати "Газпромнефт", ки "шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ"-ро дар ихтиёр дорад ва саҳми назарраси дар пардохтҳои андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистонро дорад, дар бозори ҷумҳурӣ фаъол аст.
Илова бар ин, Путин қайд кард, ки Русия ба Тоҷикистон дар рушди гидроэнергетика низ кумак мекунад.
"НБО Сангтӯда, ки бо саҳми Русия сохта шудааст, 12%-и нерӯи барқи ҷумҳурӣро истеҳсол мекунад", - қайд кард раҳбари Русия.
Кишвардори Русия афзуд, ки ширкатҳои кишвараш омодаанд, минбаъд низ барои истифода ва таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда дар Тоҷикистонро дар асоси стандартҳои пешрафтаи технологӣ ва экологӣ кумак расонанд.
Дар ҳамин ҳол ахиран муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар гуфтугӯ бо телевизиони "Россия-1" гуфт, ки Русия ба бунёди нерӯгоҳҳои нав дар Тоҷикистон бо ширкати ширкатҳои русӣ таваҷҷӯҳ дорад.
"Чунон ки маълум аст, Русия барои бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Мо низ ба бунёди нерӯгоҳҳои нав бо итироки худ таваҷҷӯҳ дорем. Дар баробари ин мо ба таъмир, таҷҳизонидани нерӯгоҳ ва таҷдиди нерӯгоҳи мавҷуда алоқамандем, зеро иқтидори обии Тоҷикистон хеле баланд аст", гуфт Новак.
Новак афзуд, дар музокироти руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар Маскав, параметрҳои тавсеъа ва ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.