Путин: Русия ва Тоҷикистон дар додугирифт аз арзҳои хориҷӣ тақрибан даст кашиданд

Раисҷумҳури Русия дар нишасти муштараки матбуотӣ гуфт, ки Маскав ва Душанбе дар додугирифт тақрибан аз истифодаи асъори хориҷӣ даст кашиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотӣ баъд аз музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки саҳми рубл ба дар додугирифти тиҷорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 96% расидааст.
Путин қайд кард, ки "Русия ва Тоҷикистон аз истифодаи асъори хориҷӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ амалан даст кашиданд. Саҳми рубл дар муомилоти тиҷоратӣ дар охири соли гузашта аз 96% гузашт", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, ки шуморе аз бонкҳои Тоҷикистон ба низоми расонидани паёмҳои молии Бонки марказии Русия пайвастанд.
Путин: Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад
Кишвардори Русия таъкид кард, ки масъалаҳои истифодаи васеътари кортҳои "Мир" дар Тоҷикистон ҳал дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо мекунад.
“Масъалаи истифодаи густурдаи кортҳои пардохтии русии "Мир" дар Тоҷикистон ҳал мешавад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон имкон доранд тавассуити низоми зудпардохт интиқоли фаромарзии пулро анҷом диҳанд.
Ба гуфтаи Путин, мақомоти ду кишвар пайваста барои беҳбуди низоми тиҷорат ва сармоягузории мутақобила ва фароҳам овардани шароит барои тарҳҳои судманд талош мекунанд.