ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ ва тасвиб расонданд.
Ин санадро рӯзи 13-уми март руасои ҷумҳури ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар Бишкек баъд аз тақрибан 23 соли музокирот ба имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст намояндагони порлумон асноди дигаре, ки дар пойтахти Қирғизистон ба имзо расида буданд: Созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии шоҳроҳҳо, беҳдошт ва истифодаи чорроҳаҳо, ҳамчунин Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъмини дастрасӣ ба иншооти обу энержиро ба тасвиб расонданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Зимнан, тамоми хатти сарҳад, ки солҳои зиёд муайян нашуда буд, аломатгузорӣ шуд.
Мушкилоти марзӣ миёни ду кишвар пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад – ва он замон ҷонибҳо дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ нарасиданд.
Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.