ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ба наздикӣ толибилмон дар Тоҷикистон пас аз як давраи тӯлонии ба таҳсил мераванд.
Ҳамин тавр, ҳафтаи оянда мактаббачагон дар Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ фиристода мешаванд.
Дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ба охир мерасад. Хонандагони синфҳои 1—11 зиёда аз як хафта — аз 21 то 30 март истироҳат хоҳанд кард.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 25 то 29 март расман таътили 5-рӯза муқаррар шудааст.

Тақвими таътили моҳи март дар Тоҷикистон
© Sputnik
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз рӯзи 21-ум оғоз мешавад, ки ба ифтихори он то 30-уми март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Ба ин муносибат таътили мактаббачагон 10 руз давом мекунад.
Донишҷӯён бошад, аз 21 то 26 март таътил хоҳанд дошт.