Путин: Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш яке аз шарикони аслии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст ва равобит дар ҳоли рушд қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Музокироти Владимир Путин раҳбари Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав ҷараён дорад.
Раҳбари мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Русия яке аз шарикони калидӣ ва муҳими тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст, равобити ду кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад.
Оқои Путин гуфт, ки соли гузашта гардиши коло боз 7% афзоиш ёфта, аз ҳадди 1,5 млрд доллар гузашт.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор гуфт, ки Тоҷикистон ва Русия шарикони деринаи стратегӣ мебошанд, муносибатҳо дар ҳоли рушд қарор доранд.
"Тоҷикистон ва Русия шарик ва муттаҳидони деринаи стратегӣ ҳастанд. Боиси хушнудист, ки равобити мо бо суръат рушд мекунад. Муколамаи байнидавлатӣ фаъолона пеш меравад", қайд кард Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимр Путин.
Вай афзуд, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Путин тоҷикистониёнро ба Наврӯзу Раҳмонро ба пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфт
"Робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона бомуваффақият инкишоф меёбанд. Дар рӯзномаи дуҷониба масъалаҳои амниятӣ ҷойи махсусро ишғол мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ дар Русия қарор дорад. Ӯ қаблан бо Владимир Путин мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод, ки дар он раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко низ ширкат дошт.