Афзоиши шумори корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон дар Узбекистон

Флаги Узбекистана и Таджикистана
Мақомоти Узбекистон шумораи корхонаҳое, ки бо сармояи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд, эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори Узбекистон, ба ҳолати 1 марти соли 2025 дар ҳудуди ин кишвар 15503 корхона ва ташкилот бо сармояи хориҷӣкору фаъолият доранд.
Аз ин шумора 4011-тоаш корхонаҳои муштарак ва 11492-тоаш ширкатҳои хориҷӣ мебошанд.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар ҳудуди Узбекистон 329 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.
Ҳамчунин дар қаламрави Узбекистон бо самояикишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Чин (3 576 корхона), Русия (3 016), Туркия (1899), Қазоқистон (1082), Кореяи Ҷанубӣ (662), АМА (374), Ҳиндустон (316), ИМА (307) ва Қирғизистон (303) фаъолият доранд.
Цементный завод. Архивное фото
Содироти 15% сементи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Узбекистон ва Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои мақомоти узбекистон ба ҳолати 1 феврали соли равон 315 корхона ва ширкат дар Ӯзбекистон бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекард.
Қобили зикр аст, ки шумораи корхонаҳо бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дастрасии кушод нест.