Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Туркия аз созиши марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Қаблан, Русия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин, Дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид ва чанд кишвари дигар низ аз имзои созишнома истиқбол карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Туркия имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад.
Дар ин бора сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе хабар дод.
"Мо аз созишномаи муайян намудани хати сарҳад истиқбол мекунем. Умедворем, ки ин созишнома, ки дар натиҷаи муколамаи наздики ду мамлакат дар сатҳи олӣ ба имзо расид, ба сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат хоҳад намуд",- иброз доштанд дар сафорат.
Қаблан, Русия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин, Дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид ва чанд кишвари дигар низ аз имзои созишнома истиқбол карданд
ВУХ: Русия аз имзои созишномаи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол мекунад
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 март баъди тақрибан 23 соли музокироти кишварҳо дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров дар Бишкек созишномаи марзи давлатиро имзо карданд.
Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ бо истифодаи аз силоҳи оташфишон шудааст. Охирин муноқишаи марзӣ тирамоҳи соли 2022 рух дод.