Тоҷикистон мубориза алайҳи марги модару кӯдакро пурзӯр мекунад

Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласае вазъи маргу мири модару кӯдакро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ барои мубориза бо марги модару кӯдак таъсис мешавад.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласа изҳор дошт.
Вай зикр кард, ки дар сохтори нав мутахассисони соҳаи солимии репродуктивӣ, акушерӣ ва дигар ихтисосҳо шомиланд.
Тавре зикр гардид, ҳадаф аз таъсиси чунин як гурӯҳи корӣ расонидани ёрии методӣ ба кормандони соҳаи тиб дар навоҳии дурдаст мебошад, ки дар навбати худ ба пешгирии марги модару кӯдак мусоидат мекунад.
Абдуллозода аз пизишкон хост, нисбати беморон хушмуомила бошанд
Ҳамзамон, ширкаткунандагон дар ҷаласа вазъи кунунии кумаки тиббӣ ба модарону кӯдаконро дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Абдуллозода ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта дастуру тавсияҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар соли 2024 фавти модарон 3,7% афзуда, ба 100 ҳазор кӯдак 24,4 ҳолатро ташкил додааст.
Дар баробари ин, фавти навзодон 0,2 % кам шуда, ба 12,3 ҳолат 1000 таваллуд рост меояд.