ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Душанбе ба таҷлили ҷашни аҷдодии Наврӯз омодагии ҷиддӣ мебинад. Аллакай бузургтарин табақи суманак дар пойтахт гузошта буд.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, имсол табақи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр дар майдони "Истиқлол" гузошта шуд.
Атрофи табақро бо сабзаю дарахтони пургул ва сабадҳои гулҳои рангоранг оро доданд.
Манбаъ афзуд, дар се ноҳияи дигари Душанбе низ рамзи Наврӯз гузошта шуд. Илова бар ин дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.
Ин рамз арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Қаблан, маълум шуд, ки имсол Наврӯз дар Тоҷикистон рӯзи 20 март соати 14:01 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ фаро мерасад.
Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 20 март, соати 14:01 дақиқаи вақти маҳаллӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
Қаблан, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, хабар дод, ки дар моҳи март, ки дар он ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад тоҷикистониён 16 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" Рӯзи модар 8 март ки ба шанбе рост меояд, бинобар ин рӯзи душанбеи 10 март низ истироҳат мешавад.
Ҳамзамон дар ин моҳ вобаста ба ҷашни Наврӯз, аз 21 то 26 март истироҳат хоҳад буд, чун 22 ва 23 март рӯзҳои шанбеву якшанбе буда, он ба 25, 26 март мегузарад.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба таври густурда Наврӯзро низ таҷлил намояд, ки соли нави аҷдодӣ дар кишвар ба шумор меравад.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло расман рӯзи таҷлил Иди Рамазон дақиқ нашудааст, он агар ба 30 март рост ояд, бар асоси қонун рӯзи 31 низ истироҳатӣ мешавад.