Яхҳо об шуданд: Душанбеву Бишкек бародаршаҳр шуданд

Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон Созишнома дар бораи истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек ба имзо расонида шуд.
Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст.
Дар доираи ин созишнома аз ин ба баъд пойтахтҳои ду давлат дар асоси баробарӣ, боварии ҳамдигарӣ ва манфиатҳои тарафайн дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, иттилоот ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамкории судмандро амалӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Бишкек шумораи бародаршаҳрҳои Душанберо ба 23 шаҳр расид.
Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Ин созишнома имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналмилалии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе-бародаршаҳрҳо ва Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ буда, бо шаҳрҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибати дӯстона барқарор намудааст.