Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 4 сол баста буд, боз шуд

Гузаргоҳҳои "Қайрағоч" (ноҳияи Лайлак) ва "Қизил-Бел" (ноҳияи Боткен) бо иҷозаи роҳбарони ду кишвар боз шуданд ва ба кори худ оғоз карданд
Sputnik
Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба таври фосалавӣ ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишварро боз кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" - "Кайрагач"-ро расман боз карданд.
Раҳбарони ду кишвар зимни ифтитоҳи гузаргоҳҳоии марзӣ қайд карданд, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам боз шаванд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба гузарҳои сарҳадӣ рафт ва ҷараёни бозшавиимарзро ба навор гирифт.
Дар расми кушодашавии гузаргоҳҳо садҳо сокини Тоҷикистону Қирғизистон изҳори шодмонӣ мекарданд.
Кушодашавии марз миёни Тоҷикистону ва Қирғизистон роҳи муҳими рушду густариш додани тиҷоратмиёни ин ду кишвари ҳамҷавор ба ҳисоб меравад.
Рахмон и Жапаров подписали соглашение о границе Таджикистана и Кыргызстана
Сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2021 пас аз даргирии аввали мусаллаҳона баста шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш 970 километр марзи муштарак доранд, ки бештари он дар ҳудудивилоятҳои Суғду Ботканд мавҷуд аст.
Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон як моҳ қабл санади муайянкунии марзидавлатиро ба анҷом расониданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тотористон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад. Имрӯз роҳбарони ду кишвар созишнома дар бораи марзи ду кишварро ба имзо расонданд. Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.