ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар ин бора дар ҷараёни музокироти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд.
Раҳбари Қирғизистон қайд кард, ки таҷлили муштараки Наврӯз ба анъанаи нек табдил меёбад, ки рамзи сулҳу ваҳдати мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.
"Ҳадафи умумии мо таҳкими эътимод байни мардум аст. Дар ин самт таҳкими ҳамкориҳои минтақаҳои наздимарзӣ қадами муҳим аст. Дар ин ҷо чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ нақши хоса доранд. Дар ин замина аҳамияти таҷлили дарпешистодаи Наврӯз дар шаҳри Хуҷандро, ки 31-уми март баргузор мешавад, қайд намоям. Барои даъват изҳори сипос намуда, иштирокамро тасдиқ мекунам", — гуфт Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода будем, ки ҷашни Наврӯз имсол дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад.
"Дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад", - иттилоъ дода буд мақомоти вилояти Суғд.

Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.
Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.