Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон як қатор санадҳои дуҷониба ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз музокироти роҳбарони ду кишвар дар Бишкек 16 санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нак ва Шартнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ва Ҷабборов созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карданд
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
Протокол миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон;
Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Қирғизистон;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.