ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бозори Wildberries дар Тоҷикистон моҳи апрел ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Дар ин бора намояндаи ширкати русӣ Екатерина Жученко ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Илова бар ин, вай маълумоти қаблӣ дар бораи ифтитоҳи нуқтаи қабул дар рӯзи 21 мартро рад кард.
"Мо эълон накарда будем, ки дар Наврӯз ифтитоҳ мекунем, ин як навъ маълумоти бардурӯғ аст... Мо расман иттилоъ додем, ки корро аз моҳи апрел шурӯъ мекунем", - қайд кард Жученко.
Ба гуфтаи вай, ифтитоҳи нахустин нуқта дар нимаи дуюми моҳи апрел дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки сарусадоҳо дар бораи ворид шудани “Wildberries” ба бозори Тоҷикистон тайи чанд соли ахир паҳн шуда буд.
Дар баробари ин, санаи ифтитоҳи фаъолият пайваста ба таъхир меафтод.
Сабаб, ба гуфтаи асосгузори ин бозор Татяна Ким, он буд, ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест. Вай қайд кард, ки берун аз ИИАО дар масъалаи таъминоти логистикӣ мушкилоти муайян вуҷуд дорад, зеро дар дохили иттиҳодия расмиёти марбут ба гардиши ҳуҷҷатҳо ва андозбандӣ соддатар аст.
Дар робита ба ин, бозор барои таҳияи харитаи масир барои кишварҳое, ки аъзои ассотсиатсия нестанд, вақти зиёд лозим буд.