Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо рӯзноманигорон ва блогерҳои ИМА мусоҳиба дод. Сухан дар бораи Марио Науфал, Ларри Ҷонсон ва Эндрю Наполитано меравад.
Вазири умури хориҷаи Русия дар ин гуфтугӯ ба суолҳо дар чанд мавзӯъи мубрами рӯз, аз ҷумла даргирии Русияву Украина, ҳузури нерӯҳои посдори сулҳ дар қаламрави Украина посух дод ва ҳамчунин ба мавзӯъи тавофуқи ҳастаии Эрон низ дахл кард.
Ба ин тартиб, аз Лавров пурсида шуд, ки оё масъалаи Эрон бахше аз музокироти феълии Русия ва Амрико аст?
"Мо авзоъ дар Халиҷи Форс ва ҳамчунин Барномаи муштараки ҳамаҷонибаи амал оид ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кардем. Мо тарафдори барқарор кардани барномаи аслии он ҳастем, ки амрикоиҳо дар давраи раёсати аввали Доналд Трамп аз он даст кашида буданд. Бо аврупоиҳо низ баъзе тамосҳо вуҷуд доранд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, раиси вазорати хориҷаи Русия низ дар бораи кафолатҳои амниятии Киев аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори назар кард.
Ба гуфтаи вай, президенти ИМА Доналд Трамп намехоҳад ба Украина, таҳти сарварии Владимир Зеленский кафолати амниятии Амрикоро диҳад.
"Ӯ (Трамп -идора) нисбат ба вазъ назари худро дорад, ки онро мунтазам ва мустақиман баён мекунад. Ин ҷанг бояд сар намезад", - қайд кард Лавров.
Мусоҳибаи пурра ва посух ба саволҳои дигарро дар видео тамошо кунед.