ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Сафаралӣ Қурбонзода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз доштааст, ки соли гузашта 58 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ашхоси хориҷӣ, вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Вай гуфт аз рӯйи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гаштанд.
Ба гуфтаи вай, фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори молӣ мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, тибқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд.
Вай илова кард, ки дар бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳо, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон, хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз тарафи Хадамот баррасӣ шуда, ба мувофиқа расид.
“Ҳамзамон, дар ин муддат 144 нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 59 муассисаи тиббӣ ва 85 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ, мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа шуданд”, - қайд кард Қурбонзода.
Қайд карда шудааст, ки Хадамот дар заминаи талаботи қарори ҳукумати Тоҷикистон мониторинги 20 номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохилӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.