ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар ба Русия ё зимни бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳҳо аз дасти шахсони ношинос чизе нагиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҷумла аз дасти шахсони ношинос бағоҷу, ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳое, ки таркибаш муайян нест, барои интиқол додан ба кишвари дигар қабул накунед.
Намояндагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони муқими кишвари иқомат хоҳиш кардаааст ки ҳангоми сафар дар дохили Русия аз як вилоят ба вилояти дигар аз интиқоли бағоҷҳои шахсони ношинос худдорӣ намоед.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба фаъолияти таксиронӣ, хизматрасонии интиқоли фармоиш (доставка) машғул ҳастанд, зимни қабули фармоиш аз фармоишгар ҳатман ашё ё баҷоғи интиқолшавандаро пурсон шаванд, ки дар дохили он чӣ мавҷуд аст.
Аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардашудааст, ки аз интиқоли ашёҳои иҷозаташон мамнуъ ва истифодаашон ғайриқонунӣ аз дасти шахсони ношинос худдорӣ намоянд.