ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Толяттии вилояти Самараи Русия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри мазкур таҳсил менамоянд баргузор гардид.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вохурии мазкур дар Хонаи дӯстии халқҳои шаҳри Толятти баргузор гардид.
Дар вохурӣ ба шаҳрвандони муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, муҳоҷирати бехатар, риояи техникаи бехтарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия то 30 апрели соли 2025 ҳуҷҷатҳои будубоши худро ба расмият дароранд.
Даъват карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ надоранд метавонанд аз фурсати муносиб истифода намуда, то муҳлати муайншуда ҳуҷҷатҳои худро дар кишвари иқомат ба расмият дароранд.
Дар вохӯрӣ, ҳамзамон, оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистқилолӣ суханронӣ намуда, тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Масъулин қайд карданд, ки шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд.