ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд аз оғози мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Ғафуров – Булоқ – Пунгон ба масофаи 4,2 километр хабар дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои маҳаллӣ ва таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтор дар деҳот амалӣ карда мешавад.
Қайд карда шудааст, ки мумфаршкунии роҳ на танҳо равуои сокинонро осон хоҳад кард, балки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои тибқи талаботи стандартӣ ба анҷом расонидани корҳои мумфаршкунӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Таъкид гардидааст, ки роҳи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфарш карда мешавад.
Барои анҷоми корҳо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат-2018” машғули коранд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар саросари вилоят садҳо иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва навсозӣ шуда, корҳои созандагӣ бо суръати баланд идома доранд.