Хоманаӣ пешниҳоди Трампро рад кард

Трамп қаблан ба ӯ нома фиристода, дар бораи барномаи ҳастаӣ созишнома пешниҳод карда буд. Президенти ИМА инчунин гуфт, ки барои ҳалли масъала "роҳи низомӣ низ ҳаст"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, Теҳрон бо давлатҳое, ки танҳо манфиатҳои худро дар назар доранд, музокира нахоҳад кард, хабар медиҳад IRNA.
"Исрори бархе аз кишварҳо дар баргузории музокира на барои ҳалли мушкилоти худ ё мо, балки ҳадафи ҳукмронӣ кардани Эрон, таҳмил кардани интизориҳои худ ба мост. Ин на танҳо ба нерӯи ҳастаии Эрон, балки тавони дифоъии он низ дахл дорад. Ин гуна мушакҳоро тавлид накунед... Оё ин воқеан музокирот аст? Теҳрон бешубҳа интизориҳои онҳоро бароварда нахоҳад кард", - гуфт Хоманаӣ дар мулоқоти якҳафтаинаи ҳукумат.
Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо ирсоли як нома ба Алии Хоманаӣ гуфта буд, ки ӯ бартарӣ додани созиш бо Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон аст.
Аммо намояндагии Эрон дар СММ гуфт, ки то ҳол паёме аз Трамп барои раҳбари олӣ нагирифтааст.
Баъд аз он президенти Амрико қайд кард, ки Вашингтон ду гузинаи имконпазири ҳалли масъалаи ҳастаӣ - ҳарбӣ ё дипломатиро баррасӣ карда, таъкид кард, ки гуфтушунидро афзалтар медонад.
Кремл гуфт, Русия омода аст ба Эрон дар масъалаҳои барномаи ҳастаиаш кумак кунад
Моҳи феврал Трамп гуфт, ки мехоҳад бо Эрон ба як тавофуқи ҳастаии "тасдиқшуда" бирасад, ки ба Теҳрон имкон медиҳад, ки рушд ва шукуфоӣ бахшад. Вай даъват кард, ки кор фавран оғоз карда шавад.
Рӯзи сешанбеи гузашта котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба ИРНА гуфт, Маскав омода аст ба Теҳрон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон кумак кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015 Бритониёи Кабир, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон тавофуқи ҳастаӣ бастанд, ки бар ивази маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон лағви таҳримҳоро дар бар мегирад.
Иёлоти Муттаҳида дар давраи раёсати ҷумҳурии қаблии Трамп дар моҳи майи соли 2018 аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро дубора ҷорӣ кард. Дар посух Эрон эълом дошт, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз ҷумла аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ ва мизони ғанисозии уран даст кашидааст.