ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо қабули қарори худ рӯйхати вакилонеро, ки дар интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудаанд, тасдиқ намуд.
Дар ин хусус хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи қарори мазкур ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил: аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот 41 вакил интихоб гардиданд.
Ҳамзамон ба вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 2 март баргузор шуд. Иштироки интихобкунандагон дар интихобот ба таври рекорди баланд буд ва 85,3% -ро ташкил дод.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аллакай фармонеро имзо кардааст, ки тибқи он рӯзи 19-уми март иҷлосияи нахустини парлумони кишвар доир мегардад.