Дар Тоҷикистон бештари занон дар бахши маориф кор мекунанд

Мақоми занон дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти хеле боло рафта, имрӯз онҳо дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузоштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар соли 2005 дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо" ва соли 2022 "Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама шаклҳои табъиз" қабул шуда буд.
Қабули ин меъёрҳо кафолатҳои баробарҳуқуқии зану мард дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳоро таъмин мекунад.
Ҳамин тариқ, тибқи омори соли 2024, занон 25% шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва қариб 20% кормандони роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд.
Дар мавриди маъмултарин соҳаҳое, ки занон дар бештаранд, соҳаи маориф ва тандурустӣ мебошанд. Мутаносибан 73 ва 71% -ро ташкил медиҳанд.
Топ-7 соҳаи Тоҷикистон, ки занон дар онҳо фаъолият доранд
Шумораи камтарини занон дар соҳаи кишоварзӣ – 23% ва дар соҳаи алоқа – 25% фаъолият мекунанд.
Нишондиҳандаҳои дастрасии занон ба таҳсил низ беҳтар мешаванд.
"Дар даврони истиқлолият дар мактабҳои олии кишвар беш аз 280 ҳазор духтарон таҳсили олӣ гирифтанд. Ба шарофати квотаи президентӣ, ки 28 сол қабл ҷорӣ шуда буд, 11,6 ҳазор духтар аз деҳот соҳиби маълумоти олӣ шуданд", - таъкид дошт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳмон: 13 ҳазор духтарони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш машғуланд
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, беш аз 35 ҳазор зан донишгоҳҳои хориҷиро хатм кардаанд. Дар ҳоли ҳозир 42% донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистонро духтарон ташкил медиҳанд.
Раҳмон дар паёми солонаи худ ба порлумон гуфт, ки дар солҳои истиқлол мақоми зан ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст ва имрӯз онҳо дар рушди давлат саҳми муҳим доранд.
Нақши муҳими занонро дар ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва тарбияи ватандӯстиву ваҳдати миллӣ қайд намуд.