ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нақши занон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар тамоми бахшҳо мунтазам меафзояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
"Барои иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё занон захираи арзишманди инсонӣ мебошанд. Нақши онҳо дар ҳама соҳаҳо мунтазам меафзояд. Ва инро таҳлили сохтори шуғл тасдиқ мекунад", - таъкид кардааст Комиссия.
Ҳамин тариқ, дар Беларус ва Русия нисфи аҳолии шуғлро занон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол дар Қазоқистон ин рақам ба 48%, Арманистон 44%, дар Қирғизистон 39% рост меояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ин ниҳод қайд кардааст , мисоли афзоиши нақши занон дар ИИАО Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки дар ин ниҳод 54% кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҳоло дар кишвар 25% хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тиб, 47% кормандони соҳаи фарҳанг, 37% олимон ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Қайд кард, ки имрӯз беш аз 110 ҳазор занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд