ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ахиран дар Мулоқоти дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати намояндагони Шурои аморотӣ оид ба тадқиқоти технологияҳои пешрафта дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре манбаъ қайд кардааст, мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир бо ҳайати пажуҳишгарони Шурои аморотӣ оид ба тадқиқоти технологияҳои пешрафта зери роҳбарии Мудири иҷроияи ширкати “Venture One” Ризо Нидако баргузор гардид.
Қайд гардидааст, ки зимни мулоқот тарафҳо роҷеъ ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкорӣ намуданд.
Тарафҳо дар ин мулоқот, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои пажуҳиши технологияҳои инноватсионӣ ва дарёфти равишҳои муассир баҳри истифодаи муфиди имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар бахшҳои маориф, хоҷагидорӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти киберӣ баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки стратегияи зеҳни сунъӣ аз ҷониби вазорат ба ҳукумат пешниҳод гардидааст.
Вай таъкид кард, ин стратегия дар минтақа таҷрибаи аввалин мебошад.
Вазири саноат таъкид кард, ки имрӯз зеҳни сунъи дунёро иваз карда истодааст.
Вазири саноати Тоҷикистон боварӣ дорад, ки инқилоби саноатии панҷум маҳз аз ҳамин дар Тоҷикистон оғоз меёбад.
Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ин ширкатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир доранд.