ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Коршиноси низомӣ Дэвис Акс дар мақолае барои нашрияи “Forbes” навиштааст, ки системаҳои мушакандози чангонаи “HIMARS”, ки дар ихтиёри артиши Украина ҳаст, самаранокии худро бе маълумоти иктишофии Амрико аз даст медиҳанд.
"Агар Трамп мавзеъгирии зидди Украинаро тағир надиҳад ва Қувваҳои Мусаллаҳи Украина манобеъи дигари иттилоъотӣ дар бораи ҳадафҳои мушакҳои дурпарвозро ба даст наоранд, HIMARS -и украинӣ наметавонад ба қадри кофӣ ва дақиқ мушакпартоӣ кунад", - навиштааст коршинос.
Илова бар ин, коршинос ҳушдор дод, ки дар артиши Украина ба зудӣ мушакҳои “HIMARS” тамом хоҳанд шуд, зеро мушакҳо аз ҷониби амрикоиҳо таъминмешуданд.
Як рӯз пеш шабакаи телевизионии “Sky News” бо такя ба як манбаи украинӣ хабар дод, ки ИМА мубодилаи маълумоти иктишофиро бо Киев комилан қатъ кардааст.
Рӯзи чоршанбе директори CIA Ҷон Рэтклифф таваққуф дар мубодилаи иттилоотро тасдиқ кард.
Рӯзи сешанбе шабакаи телевизионии “Fox News”бо такя ба як мақоми баландпояи Кохи Сафед хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли муҳимот ва таҷҳизот ба Киевро қатъ мекунад, то он даме, ки Доналд Трамп тасмим нагирад, ки Украина ба музокироти сулҳ содиқ аст.