Дар Русия меъёрҳои нави қонунгузорӣ барои муҳоҷирон эътибор пайдо карданд

Стандартҳои нав барои назорати муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар доираи режими қаблан қабулшудаи ихроҷ ва феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта ҷорӣ карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар қонунгузории муҳоҷирати Русия муқаррароти нав эътибор пайдо карданд.
Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти қонуни қабулшуда, аз 5-уми март пулис ҳаққи дастрасии озод ба манзили муҳоҷирони таҳти реҷаи ихроҷро пайдо мекунад.
Ин низом дар Русия аз 5 феврали соли 2025 амал мешавад ва ҳамаи хориҷиёне, ки барои будубош дар ин кишвар заминаи қонунӣ надоранд, зери он қарор мегиранд.
Бояд гуфт, ки аз имрӯз кормандони ВКД низ метавонанд дар робита ба шаҳрвандони хориҷӣ аз маълумотҳои телефонӣ, геолокатсия ва низоми пардохт истифода хоҳанд кард.
Илова бар ин, ба кормандони пулис иҷоза дода мешавад, ки маълумот дар бораи муҳоҷирон аз мақомоти давлатии Русия ва дигар кишварҳо, ки сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва андозро ташкил медиҳанд, дархост намояд.
Путин пешниҳод кард, ки масъалаҳои муҳоҷират бояд ҳамроҳ бо кишварҳои ҳамсоя ҳал шавад
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои молӣ бо дархости Вазорати умури дохилӣ дар бораи суратҳисобҳои бонкии шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳаракати пул дар ин ҳисобҳо маълумот пешниҳод хоҳанд кард.
Ба ин тартиб, назорат аз болои муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар чаҳорчӯби низоми ихроҷ намудан ва феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта, сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Тибқи ин санад, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро қонунӣ кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ то 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст.
Ин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.