Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси Девони вазирони Қирғизистон ба Тоҷикистон омад

Одилбек Қосималиев бо як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, нақшаи дақиқи чорабиниҳои сафар ҳанӯз эълон нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раиси Девони вазирон — роҳбари дастгохи президенти Қирғизистон Одилбек Қосималиев ба Душанбе омад.
Дар ин бора хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" хабар додааст.
Гуфта мешавад, Қосималиев бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Нақшаи дақиқи чорабиниҳои сафар ҳанӯз эълон нашудааст.
Маълум аст, ки имрӯз раиси Девони вазирони Қирғизистон бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон мулоқот мекунад. Илова бар ин, гуфтушуниди васеъ бо ҳайати ҳукуматӣ дар назар аст.
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки камтар аз як ҳафта пеш парлумони Қирғизистон тарҳи созишномаҳо дар бораи марз бо Тоҷикистонро тасвиб кард.
Шаш кумитаи тахассусӣ се санади муҳими миёни Бишкек ва Душанберо ба мувофиқа расониданд. Ин созишномаҳо бояд дар порлумони Тоҷикистон низ баррасӣ шаванд.