ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо судури чанд фармон дар сохторҳои додситонӣ дар додгоҳ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтариматбуоти роҳбари давлат хабар дода, афзуд, муовин, раиси додгоҳҳо ва сардорони баъзе аз раёсатҳои таъйину барканор гардиданд.
Манбаъ афзуд, бо фармонҳои алоҳидаи президент “раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд”.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, додситонҳои шаҳри Норак, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Исмоили Сомон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Додситони кулли, ин додситон дар вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Додситони кулл “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд”.
Хадамоти матбуотӣ навиштааст, ки аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
Президент ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.