ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Қимати пули русӣ дар қиболи арзи миллӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тозаи Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 123,1 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 124,7 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9169 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9202 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ ҳам каме поин рафта, ҳар евро 11,3545 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,4420 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба сомонӣ ҳамфтаи қаблӣ якбора боло рафт
Асъорӣ русӣ панҷшанбеи 23 феврал ба нишондодҳои апрели соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 132,6 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.