Пизишкиён: Ҳамкорӣ бо ИИАО ба Эрон барои муқовимат бо таҳримҳо кумак мекунад

Чанде пеш порлумони Эрон созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои ҳамсоя ба Эрон дар муқовимати беҳтар бар таҳримҳои Амрико кумак мекунад.
Дар ин бора расонаҳои эронӣ дар истинод ба суханронии раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён хабар доданд.
Вай ҳамчунин ҳамкорӣ бо БРИКС ва СҲШ-ро омили аслии суботи кишвар номид. Ба эътиқоди раисҷумҳури Эрон, маҳз ҳамкории зич бо онҳо ба бесамар шудани фишори таҳримҳо мусоидат мекунад.
Вай ҳамчунин аз порлумон ва шаҳрвандон даъват кард, ки маъмурияти ӯро дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва рафъи номутавозунии энержӣ дастгирӣ кунанд.
Дар фурудгоҳҳои Русия имкони бозшавии гузаргоҳҳои алоҳида барои табааи кишварҳои ИИАО аст
Моҳи декабри соли 2024 Эрон дар ИИАО мақоми нозир гирифт. Дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ порлумони кишвар созишнома дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонд, ки он дар моҳҳои март-апрел амалӣ хоҳад шуд.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як иттиҳодия иқтисодии ҳамгироии байналмилалӣ буда, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад. Аъзои иттиҳодия Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.