Артиши Русия дар 14 деҳаи вилояти Курск нерӯҳои украиниро шикаст доданд

Вазорати дифои Русия, Ҷангҷӯён нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар наздикии 14 деҳаи вилояти Курск шикаст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Артиши Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар манотиқи 14 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Курск, ки то имрӯз таҳти контроли нерӯҳои украинӣ қарор дорад зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
"Дар ҷараёни амалиёт воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои шимоли артиши Русия ба ҷузъу томҳои нерӯҳои мошинсавори Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар маҳаллаҳои шаҳраки Гуголкаев, Гоголкаев, Малая Локня, Мартиновка, Махновка, Олешня, Рубаншина, Старая Сорочина, Суджа, Черкасское Поречное ва Южний ҳамла карда шумори зиёди сарбозони украиниро нобуд карданд", — хабар додаст вазорати дифоъ .
Вазорат қайд кардааст, ки нобудсозии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар қаларави Русия идома дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина дар Курск беш аз 60 ҳазор низомияшро талаф дод
Ҳамчунин вазорати дифои Русия хабар додааст, ки давоми 24 соати гузашта талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Курск аз 160 сарбоз бештар аст.
Дар маҷмӯъ артиши Украина аз лаҳзаи ҳамла ба виляоти Курск зиёда аз 64.695 нафар сарбозона ва 382 танкашро аз даст додааст.