Дар Тоҷикистон интихоботи палатаи поёнии парлумон шурӯъ шуд

Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои интихоботӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтумин интихоботи палатаи поёнии парлумон ва мақомоти маҳаллии қонунгузор оғоз шуд.
Участкаҳои интихоботӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 3,5 ҳазор қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад. Илова бар ин, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Нозирони байналмилалӣ омодагии Тоҷикистон ба интихоботро арзёбӣ карданд
Аз ҷумла, дар 30 кишвари ҷаҳон дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунад.
Дар Русия дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои раъйдиҳӣ барои муҳоҷирони тоҷик боз шудааст.
Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб шудаанд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар давоми 24 соати ба охир расидани овоздиҳӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Натоиҷи ниҳоии интихоботи парлумонӣ то ду ҳафта маълум хоҳад шуд.