ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав барои овоздиҳӣ дар интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии қонунгузор навбатпоӣ шуд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мардум субҳи барвақт барои овоздиҳӣ омаданд ва барои ин онҳоро зарур омад, ки навбат поянд.
Граждане Таджикистана пришли проголосовать в посольство в Москве
© Sputnik
Гуфта мешавад, ки тоҷикон дар интихоботи порлумонӣ фаъолона ширкат мекунанд ва пайваста дар сафорати Маскав афроди наве, ки мехоҳанд овоз диҳанд, ҳозир мешаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд, метавонанд дар намояндагиҳои хориҷии ҷумҳурӣ овоз диҳанд.
Аз ҷумла, 39 қитъаи интихоботӣ дар назди сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар 30 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад.
Дар Русия дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар куҷо овоз додан мумкин аст?
© Sputnik
Дар қаламрави Русия барои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа нуқтаҳои овоздиҳӣ боз аст.
Қобили зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 нафар вакил интихоб мешавад.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи парлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.