Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025

Иштирок дар интихобот дар Тоҷикистон аллакай аз 22% гузашт

Дар Тоҷикистон интихоботи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии қонунгузор ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Иштироки интихобкунандагон дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон то соати 09:00 22,1% расид.
Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тибқи қонун, агар дар қитъаҳои интихоботӣ зиёда аз 50% интихобкунандагон ҳозир шуда бошанд, овоздиҳӣ баргузоршуда ҳисобида мешавад.
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон кадом ҳизбҳо ширкат доранд?
Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихоботй ва 3513 нуқтаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб мешавад.
Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ овоз дод
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ 229 нозири байналмилалӣ ҳузур доранд, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.