ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раиси парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон ба ҳамватанон ва сокинони пойтахт муроҷиат кард.
Дафтари матбуоти раиси палатаи болоии парлумони кишвар хабар дод, ки ӯ сокинонро бо оғози моҳи муборак табрик гуфт.
"Боиси хушнудист, ки шаҳрвандони кишвар ҳамасола ин рукни муҳими дини мубини исломро дар фазои орому осуда, бо ҳисси шукргузорӣ аз амнияту субот таҷлил мекунанд", - зикр кард Рустами Эмомалӣ.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид кард, ки дар моҳи рӯзадорӣ ғамхории волидон, аёдати пиронсолону беморон, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатон ва ниёзмандон муҳим аст.
Ба эътиқоди раиси парлумон, дар баробари ин аз хатарҳои мухталифи фаромиллӣ эмин будан, аз ҳад зиёд ва исрофкорӣ канорагирӣ кардан муҳим аст. Мардуми кишвар бояд баҳри ободии Ватани маҳбубамон заҳмат кашанд, гуфт дар хотима ӯ.
Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон аз 1 март оғоз шуда, то 30-юм идома хоҳад кард.
Дар моҳи Рамазон мӯъминон дар соатҳои рӯз аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд. Илова бар ин, дар ин муддат сигор кашидан ва лаззатҳои ҷисмониро эҳсос кардан мумкин нест.
Тибқи анъана, дар ин моҳ дар масҷидҳо вақт гузаронида, дар атрофи як дастархони калон ҷамъ омада, пас аз як рӯзи рӯзадорӣ тановул мекунанд. Мусулмонон дар ин давра бояд ба вижа саъй кунанд, то таҳаммулпазирӣ ва меҳрубонӣ кунанд ва ба ниёзмандон кумак кунанд.