ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар вилояти Вологда дар бораи маҳдуд кардани кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон тасмим гирифта шуд.
Дар ин бора аз фармони губернатори вилоят Георгий Филимонов маълум шуд.
Бар асоси ин санад, ба корхонаҳои минтақа ҷалби муҳоҷирон дар сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мамнӯъ мешавад.
Ба ин тартиб, Филимонов номгӯи соҳаҳоеро, ки аллакай барои хориҷиён кор кардан дар он манъ карда шудаанд, васеъ намуд.
Илова бар ин, муҳоҷир дар вилояти Вологда, тибқи фармон, аз 1 апрел дигар наметавонанд корҳои ороиши дохили биноҳоро анҷом диҳанд.
Дар ибтидо дар ин санад пешниҳод шуда буд, ки фаъолияти хориҷиён дар минтақа дар тиҷорати чакана ва ҳамлу нақли мунтазами мусофирбар мамнӯъ шавад. Маълум аст, ки Филимонов инчунин ният дошт, ки қонунӣ будани буду бош ва шуғли муҳоҷирон дар Череповетс, ки дар онҷо Корхонаи металлургии Череповетс ҷойгир аст, санҷида шавад.
Қаблан мақомоти вилояти Вологда арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ барои соли 2025-ро эълон карда буданд. Он 9823 рублро ташкил дод.
Гаронтарин патент дар вилояти Челябинск - 15 ҳазор рубл хоҳад буд. Нархи арзонтарин дар Чеченистон буда, ҳамагӣ 3112 рубл аст.