Порлумони Эрон созишномаи муҳими тиҷоратӣ бо ИИАО-ро тасвиб кард

Гап сари ташкили як минтақаи озоди тиҷоратӣ меравад, ки тибқи он Эрон ва кишварҳои ИИАО метавонанд дар солҳои наздик табодули колоро се баробар афзоиш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Порлумони Эрон таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Шӯрои иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд.
Дар ин бора нашрияи эронии “Mehr” хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки созишнома дар охири моҳи март - апрел амалӣ хоҳад шуд.
"Ба гуфтаи Муҳаммад Отабак, вазири саноат, маъданҳо ва савдо, созишномаи тиҷоратӣ бо ИИАО аз ҷониби порлумони Эрон ба тасвиб расида, дар охири моҳи март-апрели соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд", - менависад агентӣ.
Ба шарофатиминтақаи озоди тиҷорӣ, Эрон ва кишварҳои иттиҳод метавонанд дар солҳои наздик гардиши тиҷоратии худро се баробар афзоиш диҳанд, гуфт вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев.
Слепнев: Созишномаи минтақаи озоди тиҷорати ИИАО ва Эрон шарикиро ба сатҳи нав мебарорад
Ба гуфтаи вай, дар 5-7 сол ин рақам метавонад то ба 20 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Дар доираи минтақаи озоди тиҷоратӣ андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои воридоти молҳо бекор карда мешаванд. Ин шакли савдо инчунин имкон медиҳад, ки сармоягузории бештар ба кишвар ҷалб карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки миёни Эрон ва ИИАО аллакай як ёддошт дар бораи тиҷорати озод ба имзо расида буд.