ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдуқодирзода моҳи Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳию равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.
Муфтии Тоҷикистон қайд намуд, ки ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд.
"Ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, - таъкид кард оқои Абдуқодирзода.
Вай илова кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом (с) фармудаанд: "Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод".
Ҳамчунин ба андешаи Раиси Шурои уламои Маркази исломӣ, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор дар байни ҷомеа.
"Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст",-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Муфтӣ мегӯяд, ки яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон мебошад.
"Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхорию меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардию олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд",-афзуд Саидмукаррам Абдуқодирзода.