ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. 1 марти соли равон дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад ва яке аз унсурҳои асосии моҳи шарифи Рамазон гирифтани рӯза аст, ки он рукни муҳими дини мубини Ислом ба шумор меравад.
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дини ислом барои як зумра инсонҳо вобаста ба ҳолати саломатӣ ва иҷтимоию равониашон дар гирифтани рӯза сабукиҳо муайян намудааст.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода қайд кардааст, ки рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд.
“Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад.
“Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст”,- қайд кард ӯ.
Муфтӣ изҳор медорад, ки гурӯҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ намоянд, мусофирон мебошанд.
Тибқи қарори Шурои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст.
Ҳамчунин занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.
"Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд",-иброз дошт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Дигар ҳолате, ки тибқи талаботи шариат хӯрдани рӯза ҷоиз мебошад, ин ташнагӣ ё гуруснагие аст, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро ба миён меорад.
Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани ҷуброн (фидя) (тибқи қарори Шурои уламо 16 сомонӣ барои як рӯз) аз гирифтани рӯза озод мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки додани ҷуброн фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.
Инчунин барои нафарони машғули амали пурмашаққат, аз қабили сохтмончиён, даравгарон, нонпазон, оҳангарон ва коргарони конҳои маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос менамоянд, хӯрдани рӯза иҷозат аст.
“Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ин шахсон дар вақти муносиб рӯзаро қазо медоранд",- афзуд Раиси Шурои уламо.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки далелҳое, ки дар боло гуфта шуданд ва ба хӯрдани рӯза сабаб мегарданд, дар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд.